МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО КИТОБҲОИ НАВИ БАЧАГОНА

Декабрь 30, 2008 11:39

        Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси  Созмони ҷамъиятии байналмилалии  «Истиқбол»  дирӯз дар Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ маросими шиносоӣ бо 12 китоби нави бачагона баргузор гардид, ки дар давоми соли 2008 ба табъ расидаанд. Директори созмон Латофат Кенҷаева  ба мухбири АМИТ  «Ховар»  гуфт, ки  китобҳои нав дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла назму наср, ҳаҷв, афсона ва ғайра навишта шудаанд.                 Яке аз ин китобҳо ба қалами адиби маъруф Салими Зарафшонфар тааллуқ дошта, «Аспи шоҳӣ» ном дорад. Китоб барои бачагон ва наврасон пешбинӣ шудааст. Дар маросими шиносоӣ мудирони боғчаҳои бачагона иштирок доштанд. Онҳо зикр намуданд, ки бачагони хурдсол шеърҳои С.Зарафшонфарро ба осонӣ аз ёд мекунанд. Китобҳои дигар ба  ҷашни 1550 —  солагии  асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ ва панду ҳикматҳои ӯ бахида шудаанд. Бояд гуфт, ки Созмони ҷамъиятии «Истиқбол» дар давоми соли 2008 ба забонҳои англисӣ, чинӣ, туркӣ, русӣ ва ӯзбекӣ 25 китоби бачагонаро дастраси хонандагон гардонд.

Декабрь 30, 2008 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид