МАШВАРАТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТҲОИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ИДМ ДАР МАСКАВ

Декабрь 22, 2008 11:46

                           Душанбе, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар шаҳри Маскав мувофиқи нақшаи машваратҳои намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии ИДМ дар соли 2008 машварати намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва идораҳои дигари манфиатдори ИДМ баргузор гардид. Дар ҷараёни машварат масъалаи назорати содирот ва паҳн накардани маводҳои алоҳида муҳокима шуд. Дар машварат намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, Русия ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Иштирокчиён машварат роҷеъ ба роҳу усулҳои гуногуни назорати содирот табодули назар намуданд.                         Онҳо ба тарафдории қабули давлатҳои нав мувофиқи тартиби назорати содирот ақида изҳор намуданд, ки ин масъала бо талаботи пешакии аз доираи меъёрҳои узвият ва мулоҳизаҳои сиёсӣ вобаста дониста нашавад. Дар замина роҷеъ ба рушди низомҳои миллии назорати содирот дар миқёси милӣ табодули назар карда шуд. Ҷонибҳо мароқи худро ба идомаи иваз кардани таҷриба бахшида ба ин проблемаҳо баён доштанд. Намояндагони давлатҳои ИДМ ба Кумитаи иҷроияи ИДМ пешниҳод карданд, ки имконияти баррасии ин масъалаҳоро дар сайти электронии худ баррасӣ кунад.                         Дар машварат роҷеъ ба масъалаи тайёрӣ ба маҷлиси навбатии Кумитаи тадорукоти Конфронси умумӣ бахшида ба Қарордоди паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ нақши Қарордоди мазкур ҳамчун воситаи муҳимтарини бартараф сохтани хавфи паҳн намудани аслиҳаи ядроӣ, муҳайё сохтани шароит барои несту нобуд сохтани аслиҳаи ядроӣ ва вусъат бахшидани ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи истифодаи мусолиматомези энергияи атом таъкид карда шуд.                        Дар машварат ҳамчунин проблемаҳои вобаста ба хариду фурӯши аслиҳа дар миқёси байналхалқӣ муҳокима карда шуд. Иштирокчиёни он ба натиҷаи машваратҳои гузашта дар ин масъала баҳои мусбат дода, зикр намуданд, ки муҳокимаи проблемаҳои марбут ба назорати содирот ва паҳн накардани маводи алоҳида давом дода шавад.                                                                                                                                               Тарҷумон — А. Қудратов.  

Декабрь 22, 2008 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд