МАСОҲАТИ ЗАМИНҲОИ ШӮР БА 23 ҲАЗОР ГЕКТАР МЕРАСАД

Декабрь 4, 2008 08:28

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар вилояти Хатлон шӯршавии заминҳо сол аз сол зиёд мегардад. Тибқи иттилои раиси Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон Шодӣ Мусоев, дар соли 2008 масоҳати заминҳои шӯрияшон аз меъёри муқаррарӣ зиёд ба 23 ҳазор гектар мерасад. Шӯршавӣ ва боло баромадани об боиси партовшавии заминҳо дар вилоят гардидааст. Махсусан заминҳои ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Шаҳритус ва Фархори вилоят дар ҳолати бади мелиоративӣ қарор доранд. Бо қарори Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон заминҳои партов аз тарафи Кумитаи заминсозии вилоят дар асоси сертификати заминистифодабарӣ барои истифодабарӣ ба аҳолии ин ноҳияҳо дода мешавад.          

Декабрь 4, 2008 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад