МОДДАҲОИ ТАРФГАРӢ ПИНҲОНӢ БА ҶУМҲУРӢ ВОРИД МЕШАВАНД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар роҳи мошингарди Қизтақуз-Хуҷанд истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – ронандаи мошини сабукрави тамғаи «Опел- Астра» (рақами давлатияш ВР 46 94 02 РТ) Абдуҷалил Самадов ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони гумруки вилояти Суғд боздошт гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили нақлиёти мазкур 3 қуттии маводи тарфгарии «Золотой песок» ба миқдори 366 адад, фейерверк «Пули пулемет» ба миқдори 33 адад, мушаки «Ракета» як адад ва 3 қуттӣ оташфаввора ба миқдори 86 406 адад дарёфт гардид. Онҳоро Зокирҷон Раҳмонов бо роҳи пинҳонӣ, ғайриқонунӣ бо воситаи нақлиёти Абдуҷалил Самадов аз деҳаи Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд ворид намуда, мехост ба муомилоти озод барорад. Муфовиқи хулосаи ташхисии маводи аз Зокирҷон Раҳмонов дарёфткардашуда, он ба моводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дохил мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






