МУҲОҶИРОН БА ҶУМҲУРИ ЧАНД МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ВОРИД МЕКУНАНД?
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 18-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон аст. Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло шумораи муҳоҷирон дар саросари ҷаҳон тақрибан ба 200 миллион нафар мерасад. Бино ба маълумоти расмӣ, имрӯз тақрибан 600 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатиянд, ки аз ин шумора тақрибан 93 фоизашон дар Федератсияи Россия мебошанд. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи вориднамудаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар соли 2007 зиёда аз 1 миллиарду 100 ҳазор доллари ИМА ва дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2 миллиардро ташкил дод. Ба гуфтаи коршиносон, имсол муҳоҷирон то охири сол ба ҷумҳурӣ боз 0,5 миллиард доллари ИМА ворид мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






