МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ ҚАРОР ДАР БОРАИ МУАССИСАҲОИ БАЙТОРИИ МАМЛАКАТҲ
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 15 декабр дар шаҳри Минск маҷлиси дуввуми гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он лоиҳаи қарор дар бораи муассисаҳои байтории давлатҳои ИДМ мувофиқа карда хоҳад шуд. Қарори мазкур имконияти таъсиси ташкили сохторҳои давлатиро дар мамлакатҳои ИДМ барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти муассисаҳои байторӣ ва расондани кӯмаки молиявии ҳукуматҳо ба ин муассисаҳоро пешбинӣ менамояд. Дар маҷлис инчунин пешниҳод дар бораи ташкили Шӯрои ҳамоҳангсози Иттифоқи байналхалқии «Ҷамъиятҳои собиқадорон ва нафақахӯрони давлатҳои мустақил» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳадафи ташкили Шӯрои мазкур ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва манфиатҳои иқтисодии ветеранҳо, собиқадорони кор ва нафақахӯрон, инчунин тақвияти фаъолияти марбут ба тарбияи ватандӯстию интернатсионалии ҷавонон ва фош кардани кӯшишҳои таҳрифкунандагони таърихи рушди давлатҳои ИДМ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






