МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАЛБИ САРМОЯИ ТУРКИЯ БА ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ

Декабрь 4, 2008 16:52

          Анқара, 4  декабр. (АМИТ «Ховар»,  Катерина  Аксакова). –  Намояндагони  Шӯрои  муносибатҳои  иқтисодии  берунии Туркия  ва  кормандони  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Ҷумҳурии Туркия  3  декабр  дар  шаҳри  Анқара  мулоқот  карданд. Ҳадафи  мулоқот  ҷалби  бештари  сармояи  соҳибкорону  тоҷирони  Туркия  ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон  мебошад. Сафири  кабири  Тоҷикистон  дар  Туркия Шӯҳрат Султонов  ба мусоҳибонаш  дар  бораи барномаҳои  калонҳаҷми  иқтисодии Тоҷикистон  дар  соҳаҳои  саноати  бофандагӣ,  энергетика ва  сохтмони  биноҳои  истиқоматӣ  маълумот  дод, ки  ба  сармоя  ниёзи  калон  доранд. Намояндагони  Шӯрои  муносибатҳои  иқтисодии  берунии  Туркия  кормандони  сафоратхонаи  Тоҷикистонро  дилпур  сохтанд, ки  бо  ҳар  роҳу  восита  ба  ҷалби  сармояи  тоҷирони  соҳибкорони  мамлакаташон  ба  иқтисодиёти  Тоҷикистон  мусоидат  хоҳанд  кард.

Декабрь 4, 2008 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад