МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ АФҒОНИСТОН

Декабрь 2, 2008 11:46

         Маскав, 2  декабр. АМИТ «Ховар»,   Ҳалима  Хушқадамова). — Дар  Маскав   маҷлиси  шашуми  гурӯҳи  кории  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  мамлакатҳои  аъзои  Созмони аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  бахшида ба  Афғонистон баргузор  гардид. Дар  он  ҳамоҳангсозони  миллӣ  ва  коршиносони  давлатҳои  аъзои  созмони  мазкур  ширкат  варзиданд. Маҷлиси  мазкур   шаҳодат  медиҳад, ки  мамлакатҳои  аъзои  созмон  барои  мӯтадил  гардондани  вазъияти  Афғонистон бо  созмонҳои  байналхалқӣ  ҳамкорӣ  кардан  мехоҳанд. Ҳадафи  ин  мамлакатҳо  барқарор  сохтани  иқтисодиёти  Афғонистон  дар  давраи   баъди  ҷанг  мебошад. Иштирокчиёни  маҷлис  тавсия  доданд, ки кор  бо  намояндагони  Афғонистон  дар  масъалаи  таъмини  амнияти  минтақа  давом   дода  шавад. Ба  мақсад  мувофиқ  дониста  шуд, ки  бо  кӯмаки  СММ  ва  мамлакатҳои  ҳамсоя  барои  бунёди  минтақаҳои  амният  ва  мубориза ба  муқобили  маводи  нашъадор  дар  атрофи  Афғонистон  машваратҳои  иловагӣ  гузаронида  шаванд. Дар  маҷлис  нақшаи  фаъолияти  гурӯҳи  корӣ  барои   нимаи  дуюми  соли  2009  тасдиқ  карда шуд. Маҷлиси  ҳафтуми  гурӯҳи  корӣ  моҳи  апрел  гузаронида  мешавад. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  гурӯҳи  кории  СААД  бахшида  ба  Афғонистон  бо  қарори   Шӯрои  амнияти  дастаҷамъӣ  23  июни соли  2005  таъсис  ёфта  буд. 

Декабрь 2, 2008 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад