МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАИ ҲАМКОРИИ СААД БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Декабрь 17, 2008 10:29

            Маскав,  17  декабр. (АМИТ «Ховар» — Ҳалима  Хушқадамова). – Пагоҳ,  18  декабр  дар Шӯрои  Федератсияи  Русия  дар  мавзӯи «Вазъи  имрӯза ва  нақшаҳои  ояндаи   ҳамкории  Созмони  аҳдномаи  амнияти   дастаҷамъӣ бо   созмонҳои  байналхалқӣ  дар  таъмини  амнияти  дастаҷамъии  минтақавӣ» конфронси   байналхалқӣ  баргузор  мегардад. Дар  он   раиси   Шӯрои  Федератсия Сергей  Миронов  иштирок  мекунад. Иштирокчиёни  конфронс  масъалаҳои  марбут  ба  тағйироти   вазъияти   геополитикии  ҷаҳон  ва  минтақа,  вазифаҳо  ва  самтҳои  фаъолияти   созмонҳои  байналхалқию  минтақавӣ, аз  ҷумла, СААД, ИДМ,  СҲШ  ва  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия,  зарурати  афзун  гардонидани  самараи  фаъолияти  онҳо,  аз  ҷумла,  роҳу  усулҳои  муҳайё  сохтани  шароитро  ба  рушди устувору  бехатари  сиёсию  иқтисодии  давлатҳои  аъзои  созмон,  тадбирҳои  мубориза  ба  муқобили  таҳдидҳо  ва  зуҳуроти  замони  ҳозира  ва  нақшаҳои  ҳамкории  СААД – ро  бо  созмонҳои  байналхалқӣ  дар  бобати таъмини  амният  ва  ғайраро  баррасӣ  менамоянд. Дар  конфронс   намояндагони   Шӯрои  Федератсия,  Думаи  давлатӣ,  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ, СҲШ,  СААД ва  олимони  соҳаи  амнияти  байналхалқӣ,  ҳуқуқ,  тадқиқоти  стратегии проблемаҳои  низомӣ  ширкат  меварзанд.                                                                                                                       

Декабрь 17, 2008 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд