МУҲОКИМАИ НАҚШАИ ТАДБИРҲОИ ҲАМКОРИИ ГУМАНИТАРӢ
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он масъалаи такмили нақшаи тадбирҳои афзалиятноки ҳамкории гуманитарӣ барои ду соли оянда муҳокима карда мешавад. Барнома ҳамкориро дар соҳаҳои фарҳангу маориф, илм, иттилоот, алоқа, варзиш, туризм ва кор бо ҷавонон дар бар мегирад. Лоиҳаи ҳуҷҷат такмилу таҷдиди ҳуҷҷатҳои нави меъёрӣ, гузаронидани мулоқоту семинарҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва озмуну намоишгоҳҳои муштарак, таъсиси ҷоизаҳо, пахши барномаҳои муштараки телевизиону радио ва ғайраро пешбинӣ мекунад. Коршиносон нақшаи тадбирҳои ҳамкориро бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои ба миёнгузоштаи намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ ва Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи мамлакатҳои ИДМ такмилу таҷдид хоҳанд кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






