МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИР
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар» Наргис Бойахмедова).- Роҳбари гурӯҳи кор бо муҳоҷирон ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар сафоратхонаи Русия дар Душанбе М. Ғафуров бо сардори нави намояндагии Созмони байналхалқии муҳоҷират дар Тоҷикистон Зайнал Ҳоҷиев мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи гурӯҳ бо намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. М. Ғафуров ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳ ва кори он бо муҳоҷирон дар Тоҷикистон маълумот дод.З.Ҳоҷиев зикр намуд, ки Созмони байналхалқии муҳоҷират дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон барои поймол нагардидани ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷир тадбирҳо меандешад. Ҳар ду ҷониб зикр карданд, ки дар оянда низ ба коргарони муҳоҷири тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ то ҳадди имкон кӯмак расонанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






