МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ МУВАҚҚАТИИ ВАКОЛАТДОРИ ҶУМҲУРИИ КУРИЁ

Декабрь 27, 2008 12:44

           Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Палатаи савдо  ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид  дирӯз бо  намояндаи муваққатии ваколатдори Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ким Хинг Су мулоқот кард. Намояндаи Куриё ба  Ш.Саид дар бораи таассуроташ аз сафари баъзе минтақаҳои мамлакат нақл карда, зикр намуд, ки  Тоҷикистон барои рушди соҳаи энергетика, кишоварзӣ ва туризм  имкониятҳои калон дорад. Шариф Саид ба  мусоҳибаш дар бораи  самтҳои асосӣ ва  афзалиятноки  иқтисодиёти мамлакат маълумот дод, ки ба   сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Вай ҳамчунин дар бораи  афзалиятҳои қонунгузорӣ ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сухан ронд. Сипас ба масъалаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва тадбирҳои бартараф сохтани оқибатҳои он дахл карда шуд. Мусоҳибон зикр намуданд, ки  мамлакатҳояшон барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои калон доранд.        Шариф  Саид пешниҳод кард, ки бо ин мақсад дар Душанбе намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Куриё ва  мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ташкил карда шаванд. Ҳамчунин пешниҳод намуд, ки  мутахассисони тоҷик дар соҳаи  тиҷорат дар мактабҳои олии  Куриё таҳсил кунанд. Меҳмон пешниҳодҳои раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро маъқул дониста,  ваъда  дод, ки  барои амалӣ сохтани онҳо  кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Декабрь 27, 2008 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид