МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АЛӢ АБДУЛЛО СОЛЕҲ

Декабрь 2, 2008 10:25

1 декабри соли 2008 маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри шаҳри Адан пойтахти ҷанубӣ ва ё зимистонаи Ҷумҳурии Яман баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомати хосаи сафарҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ бо ҳузури Горди ифтихорӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар истиқбол гирифт. Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ нахуст дар гуфтушуниди васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сипас дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва  Алӣ Абдулло Солеҳ баррасӣ шуд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунидҳо 4 санади расмӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо,  илму техника, фарҳанг, маориф ва доир ба машваратҳои сиёсӣ ба имзо расид ва заминаи нахустини сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Яман фароҳам омад. Сарони ду давлат тасмим гирифтанд, ки  робитаи  мавҷудаи байни табибони тоҷик ва беморхонаҳои Яман ба таври мустақим бе миёнарав ба роҳ монда шавад. Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ қарор намуданд, ки Консулгарии фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санъо пойтахти  Ҷумҳурии Яман кушода шавад. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ изҳор дошт, ки  барои ҷудо намудани бино ва муҳайё кардани дигар шароити зарурӣ дастур мефармояд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Яман Алӣ Муҳаммад Муҷаввар, Раиси Маҷлиси шӯрои (Парлумони) Ҷумҳурии Яман Абдулазиз Абдулғанӣ ва бо гурӯҳи калони соҳибкорони ин кишвар мулоқотҳои судбахш анҷом дод. Зимни сафари расмии худ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангии ин кишвари афсонавӣ дидан карда, бо таҷрибаи ғании он дар бунёди инфрасохтор ва рушди туризм аз наздик шинос шуд.

Декабрь 2, 2008 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд