МУЛОҚОТИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶТ БО СОҲИБКОРОНИ ХОРИҶӢ

Декабрь 1, 2008 12:10

        Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Раиси Палатаи савдо ва саноати  Тоҷикистон Шариф Саид бо  гурӯҳи намояндагони ширкати  «Билжа отомобилчилик» — и Туркия дар ҳайати  директори ширкат Сокин Билжа ва  муовини ӯ Луқмон Ардагон мудлоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои  рушди  ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Ш.Саид ба  сатҳи имрӯзаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода , зикр намуд, ки  барои густариши онҳо захираю имкониятҳои зиёд мавҷуданд.                Мусоҳибон баъдан масъалаи ҳамкориро  дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, мошину дастгоҳсозӣ ва бунёди корхонаҳои  муштараки коркарди пахта  ва пӯсту пашм муҳокима намуданд. Инчунин  масъалаи гузаронидани мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар баррасӣ карда шуд. Шариф Саид инчунин бо  менеҷери минтақавии  Палатаи байналхалқии савдо ва саноати Афғонистон Мухлис Аҳмад ва  намояндаи корхонаи «Заря Восток » — и ин мамлакат Маҳбуболлоҳ Розиқӣ мулоқот анҷом дод. Меҳмонон барои шиносоӣ бо шароити фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф овардаанд. Соҳибкорони афғонӣ зикр карданд, ки бисёр соҳибкорону тоҷирони мамлакаташон мехоҳанд фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонун  ба роҳ андозанд.

Декабрь 1, 2008 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад