МУЛОКОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АРМАНИСТОН, РОССИЯ, ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОНУ 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бурабойи вилояти Акмалаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар вохўрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Арманистон, Россия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон иштирок намуд. Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни давлатҳои мазкур дар чаҳорчўби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия баррасӣ шуд. Мавзўи асосии сўҳбати сарони давлатҳои мазкур андешидани чораҳои муштарак ва дарёфти роҳҳои коҳишдиҳии таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба кишварҳои худ буд. Таъкид гардид, ки кишварҳои қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд дар муқобили бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамбастагии наздик дошта бошанд, то таъсири манфии он дастаҷамъона коҳиш дода шавад. Оид ба тафсилоти вохўрии ғайрирасмии сарони давлатҳои мазкур, ки пагоҳ низ идома меёбад, иловатан хабар хоҳем дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Бурабойи Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






