МУОИНАИ МАҲБУСОН БАРОИ ТАШХИСИ БЕМОРИҲОИ ВИЧ/СПИД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Муассисаҳои ислоҳи меҳнатии Тоҷикистон бори аввал имконият пайдо намуданд, ки маҳбусонро бо мақсади ошкор намудани бемориҳои ВИЧ/СПИД аз муовинаи тиббӣ гузаронанд. Муассисаи рушди СММ дар доираи истифодаи маблағи кӯмаки Бунёди ҷаҳонии мубориза ба муқобили бемориҳои СПИД, сил ва табларза ба шӯъбаи тиббии раёсати ислоҳи меҳнатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхиси бемориҳои ВИЧ/СПИД озмоишгоҳи комилан муҷаҳҳази ҳозиразамонро тӯҳфа кард. Тибқи нақша, кормандони озмоишгоҳ роҳу усулҳои истифодаи асбобу анҷоми озмоишгоҳ ва ташхиси маҳбусонро меомӯзанд. Озмоишгоҳи мазкур бо кӯмаки Бунёди ҷаҳонии мубориза ба муқобили бемориҳои ВИЧ/СПИД тармим карда, бо асбобу анҷоми зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Озмоишгоҳ ба мутахассисони соҳаи тандурустии ҳабсхонаҳо имкон медиҳад, ки бемориҳои хавфнокро сари вақт ошкор намуда, маҳбусони беморро таҳти табобат қарор диҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






