МУРҒИМАРҶОНПАРВАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Декабрь 22, 2008 14:56

                 Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи мушовири миллии лоиҳа оид ба тренинг ва гендер Сафаралӣ Наимов, барномаи ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) дар 6 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ мешавад. Бо мақсади амалӣ шудани лоиҳа, ки аз се қисм иборат аст, дар навбати аввал 400 нафар занони кӯдакдори бесаробони ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Балҷувон ва ноҳияи Ёвон ба гурӯҳи кӯмакгирандагон ворид карда шуданд.                Бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, ба занҳои ба гурӯҳи ёригирандагон дохил шуда 2-тогӣ меши бордоршуда ва 5-тогӣ мурғи марҷон дода мешавад.                Тибқи шартҳои лоиҳа, баъди як сол 2 барра ва 5 мурғи марҷонро аз ин гурӯҳ ба гурӯҳи дигари занҳои камбизоат то давраи пурра бо чорвою мурғи марҷон таъмин шудани ҳамаи занони бесаробонмонда дода мешаванд.

Декабрь 22, 2008 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд