МУВАФФАҚИЯТИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК
Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия мусобиқаи дуюми байналхалқии дзюдочиён баргузор гардид. Дар он варзишгарони зӯртарини ҷаҳон дар вазни то 81 килограм ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқа 16 нафар варзишгари даҳ мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла, барандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин, варзишгари тоҷик Расул Боқиев иштирок намуд. Вай то даври ниманиҳоӣ расида, дар ин даври мусобиқа қувваозмоиро бо варзишгари рус Иван Нифонтов бой дод. Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа, Р.Боқиев соҳиби ҷоизаи ҳусни таваҷҷӯҳи тамошобинон гардид. Ба ӯ ба маблағи сад ҳазор рубли Русия мукофот дода шуд. Инчунин барандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои Олимпии Афина Дмитрий Носов, ки яке аз сарпарастони мусобиқа мебошад, телефони мобилӣ тӯҳфа кард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






