НАҚШАИ «ФУРӮШИ БАРҚ» ИҶРО НАШУД. ЧАРО?

Декабрь 13, 2008 09:50

              Кӯлоб, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Тибқи иттилои сардори ШСХК «Фурӯши барқ»-и минтақаи Кӯлоб Ҳақназар Хоҷаев, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ҷамъоварии ҳаққи хизматрасонии барқ 59 % -ро ташкил медиҳад, ки ин нисбати маблағи банақшагирифта хеле кам аст.              Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои минтақаи Кӯлоб аз ташкилоти «Фурӯши барқ» 8 млн. 728 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Аз ҷумла, Восеъ — 3 млн. 771 ҳазор сомонӣ, Фархор — 1 млн. 728 ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ — 1 млн. 214 ҳазор сомонӣ, Мӯъминобод — 680 ҳазор сомонӣ, Темурмалик — 398 ҳазор сомонӣ, Ховалинг — 488 ҳазор сомонӣ, Шӯробод — 365 ҳазор сомонӣ, Балҷувон — 82 ҳазор сомонӣ ва ғайра.             Ҳақназар Хоҷаев афзуд, ки сабаби асосии иҷро нагардидани нақша пардохт накардани ҳаққи қувваи барқ аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қарзи ин вазорат ба 5 000 000 сомонӣ расидааст.              Сабаби дигари иҷро нагардидани нақша саривақт пардохт нашудани ҳаққи истифодаи барқ аз тарафи ташкилот ва муассисаҳоест, ки маблағгузорияшон аз буҷаи маҳаллист. Қарзи онҳо ба 360 000 сомонӣ расидааст.              — Қисме аз аҳолӣ хилофи қоидаҳои истифодаи барқ амал мекунанд, ки ин ҳам боиси паст шудани иҷрои нақшаи муассиса мегардад,- гуфт Ҳақназар Хоҷаев.  

Декабрь 13, 2008 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!