«НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ МУОВИНИ РАИСИ БОНКИ РУШДИ ҚАЗОҚИСТОН ТАЪИН ШУД»

Декабрь 16, 2008 08:40

          Остона,  16  декабр. (АМИТ «Ховар» — Би-Би-Си). – Набераи Президенти  Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев —  Нуралӣ  Алиев  муовини   раиси  Бонки рушди  Қазоқистон  таъин  карда шуд. Нуралӣ Алиев  23 — сола  буда,  дар  Бонки  рушди  Қазоқистон  ба  ҳалли  масъалаҳои  молиявию  ҳуқуқӣ  масъул  мебошад. Вай  то имрӯз  раиси  Шӯрои  директорони  Ҷамъияти  саҳомии  «Нурбонк» буда, қабл аз ин муовини  аввали  раиси Ҷамъияти  саҳомии  «Нурбонк»,  раиси   Шӯрои  директорони  Ҷамъияти  саҳомии «Европа плюс  Қазоқистон», раиси  ширкати телевизионии «Хит ТВ»  ва раиси  Ҷамъияти  саҳомии  «Сахарний  центр»  шуда  кор  мекард. Ба  қавли  коршиносон,  ба  ин  вазифаи  масъулиятнок  таъин  намудани   писари Дориға Назарбоева  ва Роҳат  Алиев  овозаҳоро  дар  бораи ояндаи  наздик  ба  майдони  сиёсат  қадам  гузоштани  набераи  калонии  президент тасдиқ  менамояд.  Ин  ҳамчунин шаҳодат  медиҳад, ки  сардори  давлат  ба  набераи  калонии  худ  бештар  боварӣ  дорад. 

Декабрь 16, 2008 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд