НАХУСТИН КИТОБИ ШЕЪРХОИ РУСТАМИ ВАҲҲОБ НАШР ГАРДИД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар Иттифоқи нависандагони ҶТ нахустин китоби шоири навҷӯю навгӯ Рустами Ваҳҳоб бо номи «Шарҳи Хуршед» муаррифӣ шуд. Дар он аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва ёру дӯстони шоир иштирок доштанд. Китоби мазкур бо дастгирии Бунёди байналмилалии «Шеъри Ҷаҳон», дар нашриёти «Деваштич» чоп шудааст. Дар он шеърҳои солҳои гуногун эҷодкардаи шоир ва адабиётшиноси маъруф дарҷ гардидаанд. Ҳарчанд маҷмӯаи Рустами Ваҳҳоб бори нахуст нашр мешавад, шеъри ӯ кайҳо аз имтиҳони давру замон ва хонандаи нуктасанҷу нуктадон гузаштааст. Шеъри ӯ инсонӣ ва маънавист. Ҳунари шоирии ӯ дар сохтани вожаҳо ва ибораҳои нав, ки ба масал забонофаринист, ҷилои хоса дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






