НАМОИШГОҲИ МОЛҲОИ ИСТЕҲСОЛИ АФҒОНИСТОН ДАР ҶТ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова.- Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо намояндаи тиҷратии сафорати Давлати Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Наҷибулло Раҳимӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар, амалӣ сохтани созишномаи ҳамкории палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Афғонистон ва ғайра муҳокима шуданд. Шариф Саид дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва натиҷаҳои фаъолияти палата дар соли 2008 маълумот дод. Қайд карда шуд, ки нимаи аввали соли 2009 дар Хоруғ мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Вилояти Бадахшони Афғонистон гузаронида мешавад. Намояндаи тиҷоратии сафорати Афғонистон номаи мудири иҷроияи Палатаи савдо ва саноати мамлакаташ Муҳаммад Қурбон Ҳақҷӯро ба Ш.Саид супорид. Дар он пешниҳод карда мешавад, ки моҳи апрели соли 2009 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи нахустини байналхалқии «Рушди иқтисодиёти Афғонистон» ташкил карда шавад. Дар он молҳои гуногуни сохти Афғонстон намоиш дода хоҳанд шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






