НАМОЯНДАГОНИ ЧТ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИ ТУРКМАНИСТОНРО МУШОҲИДА МЕКУНАНД
Душанбе 6 декабр. ( АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев ҷараёни интихоботи парлумони Туркманистонро мушоҳида менамояд. Интихоботи парлумони Туркманистон 14 декабр баргузор мегардад. Намояндагони Тоҷикистон 12 декабр ба Ашқобод хоҳанд рафт. Дар мушоҳидаи ҷараёни интихоботи парлумони Туркманистон, инчунин намояндагони мамлакатҳои Аврупо, ИДМ ва созмонҳои байналхалқӣ ширкат хоҳанд варзид. Роҳбарияти Туркманистон мушоҳидони хориҷиро бори аввал ба мамлакати худ даъват менамояд. Коршиносон ин иқдоми Президенти Туркманистонро кӯшиши наздик сохтани мамлакат ба принсипҳои интихоботи озоди Ғарб мешуморанд. Тарҷумон — А. Қудратов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






