НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ ПУДРАТӢ ОИД БА КАМБУДИҲО ЭРОД ПЕШНИҲОД КАРДАНД
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Маркази ноҳияи Шуғнони ВМКБ нақшаи генералии алоҳида надошта, дар самти шарқии шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои дар масофаи наздик ҷойгир намудани маҳаллаҳои аҳолинишин бояд аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимяти давлатӣ ягон пешниҳоди мушаххас вуҷуд дошта бошад. Инчунин, зикр гардид, ки дар баъзе иншоот барои муайян кардани сифати корҳои сохтмонӣ санҷиш гузаронида шудааст. Сохтмони дармонгоҳ дар деҳаи Навободи ноҳияи Шуғнон аз ҷониби фармоишгар -РСА-и ВМКБ ва пудратчӣ — ҶСК «Помирсохтмон» анҷом дода шудааст. Иншооти мазкур барои қабул ба комиссияи қабули давлатӣ омода карда шудааст. Дар васли системаи гармидиҳӣ ва фарши даромадгоҳ баъзе камбудиҳо ҷой доштанд, ки нисбати онҳо намояндагони ташкилоти пудратӣ эрод пешниҳод карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






