НАМОЯНДАИ ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ «ДОНИШ БИДУНИ САРҲАД» ДАР ТОҶИКИСТОН

Декабрь 22, 2008 15:13

                Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Одил Сангов бо директори генералии ҷамъияти саҳомии «Дониш бидуни сарҳад», соҳибкори хусусӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниел Заретский мулоқот кард. Созмони мазкур ба аҳолии бисёр мамлакатҳо забони тиҷоратии англисиро омӯхта, бо иштироки мутахассисони хориҷӣ машғулиятҳои гуногун мегузаронад. Д. Заретский зикр намуд, ки дар ин соҳа дар Қирғизистон 14 сол боз кор мекунад ва мехоҳад бо Тоҷикистон низ ҳамкорӣ кунад.                Нақшаи наздиктарини ҷамъияти саҳомӣ гирифтани иҷозати фаъолият дар Тоҷикистон ва шомил гардидан ба узвияти палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошад. Зимни сӯҳбат роҳу усулҳои гуногуни ҳамкорӣ муҳокима шуданд.

Декабрь 22, 2008 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд