НАСБИ ХАТИ ҚУБУРИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ШӮРОБОД

Декабрь 22, 2008 09:02

                      Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон насби хати қубури оби нӯшокӣ дар ноҳияи Шӯрободро маблағгузорӣ кард.                    Аз Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария тавассути ҷудо намудани грантҳои хурд амалӣ гардид.                     Аз рӯи лоиҳа, аз чашмаи мусаффо то манзили зисти сокинони ҷамоати Чагами ноҳияи Шӯробод қубур гузаронида шуда, об бидуни воситае ба он ҷорӣ мегардад ва аз он 700 хонавода истифода мебаранд.                  Дар амалисозии лоиҳа Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ранҷбар» саҳми назаррас гузошт. Барномаи Швейтсария оид ба грантҳои хурд аз соли 2001 амалӣ гардида, шумораи умумии лоиҳаҳо то 200 адад мерасад.  

Декабрь 22, 2008 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа