НАШРИ АСАРҲОИ БЕҲТАРИНИ А.С.ПУШКИН ДАР МАСКАВ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Маскав, 2 декабр. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Маҷмӯаи асарҳои беҳтарини адиби шаҳири рус А.Пушкин дар шаҳри Маскав ба забонҳои тоҷикию русӣ чоп шуд. Китоб бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, барои ҳаводорони каломи бадеъ пешбинӣ шудааст. Онро Китобхонаи давлатии умумироссиягии адабиёти хориҷии ба номи М.Рудомано бо кӯмаки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ нашр намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки китоби мазкур барои гузаронидани шабнишиниҳои гуногун бахшида ба эҷодиёти шоир ба китобхонаҳои Тоҷикистон фиристода мешавад. Китоб ҳамчунин барои адибону олимони соҳаи адабиёт, тарҷумонҳо ва муаллимон пешбинӣ шудааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






