НАСЛГИРӢ ДАР ХОҶАГИҲОИ ЧОРВОДОР КАМ ШУД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфтаи масъули бахши кишоварзии Кумитаи давлатии омор М.А. Абдуллоев, наслгирӣ дар хоҷагиҳои чорводор нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 хеле кам гардидааст. Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сад сар модагов 49-сарӣ гӯсола гирифта шудааст. Наслгирӣ нисбати ҳамин давраи соли 2007 дар хоҷагиҳои чорводори ноҳияи Шаҳринав ба миқдори 6-сарӣ ва ноҳияи Ваҳдат 1-сарӣ кам шудааст. Дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 85-сарӣ барра ва аз ҳар 100 сар буз 84-сарӣ бузича гирифта шудааст, ки дар қиёс ба як соли гузашта 3-сарӣ кам аст. Дар хоҷагиҳои вилояти Суғд бошад, аз сатҳи миёнаи нишондиҳандаи ҷумҳурӣ 5-сарӣ, ноҳияи Ҳисор-22, Шаҳринав-16 ва дар ноҳияи Ваҳдат 11-сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






