НАСОХТАНИ КАНАЛИ «КӮЛОБДАРЁ» ХАТАРИ ЭКОЛОГӢ ДОРАД
Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Восеъ, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олӣ Алимурод Тағоймуродов, омили иҷро нашудани нақшаҳо дар соли ҷорӣ бекор мондани заминҳои обӣ аз сабаби нарасидани об мебошад. Агар барои ҳалли мушкилоти об, ки чанд соли охир барои пахтакору боғпарвар, чорводору замбӯри асалпарвар пеш омадааст, чораҳои зарурӣ андешида нашавад, минтақаи Кӯлобро хатари калони экологӣ фаро мегирад. Биёбоншавии заминҳои обӣ, аз байн рафтани боғу токзорҳо, бо хӯрокаи сабз таъмин нашудани чорво мушкилоти ояндаи хоҷагидорон хоҳад шуд. Пешгирии ин ҳодисаи номатлуб танҳо дар ҳолати ба кор даровардани насосҳои обкаш ва бо иқтидори аввала барқарор кардани канали «Кӯлобдарё» имконпазир аст. Дар сурати амалӣ нашудани ин чорабинӣ, дар ду хоҷагии калони минтақа — Хоҷамӯъмину Хатлон биёбоншавии заминҳо ба даҳҳо ҳазор гектар мерасад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






