НАТИҶАИ ТАШХИСИ СЕРОЛОГИИ ЗАРДОБИ ХУН МАНФӢ БАРОМАД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Пажӯҳишгоҳи ветеринарӣ иттилоъ доданд, ки дар давоми соли ҷорӣ дар натиҷаи ташхиси бактериологӣ 4 адад барангезандаи пастереллёз дар фабрикаҳои паррандапарварии ноҳияи Шаҳринаву Файзобод, як адад барангезандаи колибактериоз дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Паррандапарварии Душанбе», як адад барангезандаи псевдоманоз ва ҳамин гуна ангезанда дар Ҷамияти шакли кушодаи «Паррандапарвар-1»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов муайян карда шуд. Оид ба зукоми парранда аз вилояту ноҳияҳои дар боло зикршуда 2678 зардоби хун барои ташхиси серологӣ гирифта шуд, ки натиҷаҳои ташхиси он манфӣ баромад. Аз бозори Шоҳманси шаҳри Душанбе 87 тухм барои санҷиши лабараторӣ гирифташуд ва муайян карда шуд, ки дар ин тухмҳо барангезандаи касалии салмонеллёз мавҷуд аст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






