НИСБАТИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲО ЧОРАҲОИ МАЪМУРӢ ДИДА ШУД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тибқи Фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов дар ҳайати сардорони раёсатҳои шўъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва роҳбарони сармуассисаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ду ҳафта аз вазъи хизматрасонии тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд. Дар рафти омўзиш аз ҷониби гурўҳи корӣ фаъолияти зиёда аз 17 беморхонаи ноҳиявӣ, 85 марказу дармонгоҳ ва 105 маркази саломатӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Натиҷаҳои омўзиш дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо иштироки муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева муҳокима гардид. Нисбати он роҳбарони муассисаҳое, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд, чораҳои маъмурӣ дида шуд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои махсуси рушди соҳаи тандурустии вилояти Суғд таҳия карда шавад. Ҳамчунин, бо иштироки муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ҷаласаи муовинони раиси ҳукумати шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки сарпарасти соҳаи тандурустӣ мебошанд, баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳалталабе, ки иҷроиши онҳо аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад, муҳокима карда шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






