НОМИ ШОИРИ МАЪРУФ БА ЯКЕ АЗ МАКТАБҲОИ ЁВОН ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар ноҳияи Ёвон бахшида ба гузоштани номи шоири маъруф Қутбӣ Киром ба мактаби миёнаи рақами 31 — уми ноҳия ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шоирону нависандагон ва аҳли ҷамъият ширкат варзиданд. Аз Иттифоқи нависандагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷамъомади мазкур мушовири давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Мансури Сурӯш ва шоирону нависандагон Абдулҳамид Самадов, Холмурод Шарифов, Мӯъмин Қаноат ва Шаҳрия иштирок доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мактаби рақами 31 — ум яке аз мактабҳои калонтарину машҳуртарини ноҳияи Ёвон ба шумор меравад. Бинои мактаб аввали соли равон ба куллӣ тармим карда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






