НОРАСОИИ ОБУ НУРӢ САБАБИ ИҶРО НАШУДАНИ НАҚША
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, иҷрои нақшаи пахта дар давоми се соли охир наздик ба сад ҳазор тонна кам гардид, ки ин ба ду нақшаи солонаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баробар аст. Дар Вазорати кишоварзӣ сабаби паст шудани ҳосил ва иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар нарасидани обу нурӣ донистанд. Дар охири моҳи ноябри соли 2006 дар ҷумҳурӣ 439 ҳазору 252 тонна пахта, дар ҳамин муддат соли 2007 ба миқдори 417 ҳазору 485 тонна ва соли ҷорӣ ба андозаи 339 ҳазору 567 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 77 ҳазору 918 тонна ва нисбат ба соли 2006 99 ҳазору 685 тонна камтар аст. Соли 2009 20 ҳазор гектар замини пахта кам карда шуда, аз ин ҳисоб кишти гандум зиёд карда шавад ҳам, нақшаи пахта 550 ҳазор тонна боқӣ мемонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






