НУСРАТУЛЛО САЛИМОВ БА МУАССИСАҲОИ ТИББӢ МОШИН ТАҚСИМ КАРД

Декабрь 30, 2008 08:40

Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- Маросими кушодашавии Маркази таълимию клиникии тиби оилавии вилояти Хатлон дар мавзеи Қизил – Қалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон баргузор гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассиси бахши робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустии ҶТ Дилафруз Ғоибова иттилоъ дод, дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Абдуғаффор Самадов, вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов, директори Маркази ҳамоҳангсозии Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавии Бонки Умумиҷаҳонӣ Маҳбуба Шералиева иштирок намуданд. Инчунин, ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов бо дастгирии Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавии Бонки Умумиҷаҳонӣ нақлиёти тамғаи «Нива» ва «УАЗ» тақсим карда шуд.Маркази номбурда бо тамоми лавозимоти замонавӣ таҷҳизонида шудааст, ки барои дар оянда тайёр намудани табибони тиби оилавии вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ кӯмак мерасонад.   

Декабрь 30, 2008 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад