ОҒОЗИ НАМОИШҲОИ ИДОНА ДАР СИРК

Декабрь 26, 2008 10:59

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар бинои Сирки давлатии  ҷумҳурӣ намоишҳои идонаи  солинавӣ оғоз меёбанд. Муовини директори  сирк Давлат Сафаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  ҳунарпешагон имсол  ба муносибати фаро расидани Соли нав барои тамошобинон барномаҳои гуногунранг тайёр намуданд. Барномаи идона  саҳначаҳои гуногун, аз ҷумла  ҳунарнамоии  духтарони дорбоз, гимнастҳо, масхарабозон ва  ҳайвоноти ромшударо дар бар мегирад.           Барномаи идона таҳти роҳбарии  директори судияи санъати сирк Ашӯр Раҷабов таҳия карда шуд. Бояд гуфт, ки аксарияти иштироккунандагони он дастпарварони ҳамин студия мебошанд. Барномаи идона  ҳар рӯз то 20 январ намоиш дода мешавад.

Декабрь 26, 2008 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд