ОЛИМОН ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТРО ДАСТГИРӢ НАМУДАНД
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 24 декабр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 100 — солагии рӯзи таваллудии олими барҷаста ва арбоби намоёни давлатӣ Бобоҷон Ғафуров конфронси байналхалқии илмӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми он қарори дахлдор қабул карда шуд. Иштирокчиёни конфронс зикр карданд, ки саҳми Б.Ғафуров дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷамъиятшиносӣ хеле бузург аст ва то ҳол пурра омӯхта нашудааст. Дар қарори конфронс гуфта мешавад, ки иштирокчиёни он пешниҳоди Президенти ҷумҳуриро дар бораи нашри маҷмуаи асарҳои Б.Ғафуров дастгирӣ намуданд. Онҳо пешниҳод карданд ки асари илмии калонҳаҷми соли 1947 нашршудаи «Таърихи халқи тоҷик» аз нав чоп карда шавад. Зеро асари мазкур дар таърихи илми Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Иштирокчиёни конфронс ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки мақолаҳои Б.Ғафуров бахшида ба проблемаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шаванд. Илова бар ин дар бораи фаъолияи илмии Б.Ғафуров ва ташкилкунандаи экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон, яке аз ҳамсафони Ю.Ғафуров- А. Беленитский мақолаю асарҳои илмӣ таълиф карда шаванд. Иштирокчиёни конфронс пешниҳодро дар бораи таъсиси стипендияи ба номи Б.Ғафуров барои донишҷӯён дастгирӣ намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






