ОМОДА СОХТАНИ МУТАХАССИСОН БАРОИ ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА
Душанбе, 2 декабр. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Белорусия – Минск маҷлиси навбатии гурӯҳи коршиносони ИДМ баргузор мегардад. Дар он масъалаи такмил додан ва мувофиқа намудани лоиҳаи қарорҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод баррасӣ карда мешаванд, ки ҳадафи онҳо таҳкими минбаъдаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи омода сохтани мутахассисон барои ҳалли проблемаҳои вазъияти фавқулодда мебошад. Иштирокчиёни маҷлис, аз ҷумла, лоиҳаи қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ва низомномаро дар бораи муқаррар намудани стипендия ба шунавандагон, курсантҳо ва донишҷӯёни давлатҳои Иттиҳод муҳокима мекунанд, ки дар мактабҳои олии Вазорати вазъияти фавқулоддаи Федератсияи Россия таҳсил доранд.Стипендияи мазкур пеш аз ҳама ба шунавандагон, донишҷӯён ва курсантҳои мамлакатҳое дода мешавад, ки дар ҷараёни таълим, таълифи асарҳои илмӣ ва иҷрои вазифаҳояшон муваффақиятҳо ба даст овардаанд. Хабар дода мешавад, ки стипендияи мазкур ба донишҷӯёну шунавандагону курсантҳо ва донишҷӯён аз рӯи натиҷаҳои санҷишу имтиҳонҳо муқаррар карда мешавад. Маблағи он дар як моҳ камаш 1000 рубл буда, илова ба стипендияҳои дигар ва пардохтҳои пулӣ дода хоҳад шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






