ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БА ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2008-2009

Декабрь 23, 2008 15:20

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009» ва   оид ба омодагии муассисаҳои табобатию профилактики ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.  Бояд зикр кард, ки ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои тандурустии  шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрўз як қатор тадбирҳо   амалӣ шудаанд.  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мувофиқи маблағҳои дар соли 2008 ҷудошуда, нақшаи захира дар  давраи омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ  чунин мебошад: захираи ангишт 5110,5 тонна (дар асл 4895,6 тонна),  ҳезум 6955 м3 (дар асл 9215,5 м3 ), сўзишворӣ 185,5 тонна (дар асл 148,4 тонна).            Сабаби иҷро нашудани нақшаи захираи ангишт дар он аст, ки дар ҳудуди ВМКБ нархи 1 тонна ангишт аз 400 сомонӣ 850 сомонӣ расид.  Аз ин сабаб ба ҷои ангишт ҳезум харидорӣ шудааст.  Ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дорои хати тозаи барқ, 3415 адад печкаи барқӣ ва 612 адад   генератори барқӣ буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ аз онҳо  истифода  мебаранд. Дар қисми зиёди  муассисаҳои соҳаи тандурустӣ корҳои шишабандӣ,   таъмири капиталӣ ва косметикии бинову иншоот ва қубурҳои обгузар  анҷом дода шудааст.  

Декабрь 23, 2008 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид