«ОТАШ»-И БЕЛОРУС РИШТАҲОИ ГУСАСТАИ АДАБИЮ ФАРҲАНГИРО МЕПАЙВАНДАД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова) — Шумораи 11-уми маҷаллаи адабӣ – бадеӣ ва сиёсӣ – оммавии Белорус — «Полымя» («Оташ»), ки аз соли 1922 инҷониб нашр мешавад, аз чоп баромад. Ҳайати таҳририя дар баробари нашри намунаи беҳтарини эҷоди адибони белорус, ҳамчунин, қисматеро ба Тоҷикистон бахшидаанд. Раиси интишороти «Адабиёт ва санъат»-и Иттифоқи нависандагони Белорус, адабиётшинос Алес Карлюкович, ки чанде пеш ба Тоҷикистон омада, дар чорабиниҳои форуми III олимон ва адибони кишварҳои ИДМ ширкат варзида буд, баъди бозгашт ба Ватан хотироти сафарашро дар очерки калон рӯи коғаз оварда, ба хонандагони белорус пешниҳод кардааст. Чӣ тавре ки муаллиф мегӯяд, дар бист соли охир бори аввал аст, ки тавассути маҷаллаи овозадори «Полымя» мардуми белорус бо имрӯзи Тоҷикистон, шахсиятҳои маъруфи он, адибону олимони шинохтааш ошно мешаванд. Очерки сафарии адиби Белорус кӯшиши нахустинест дар роҳи аз нав барқарор намудани риштаҳои адабию фарҳангӣ, ки чанд сол муқаддам гусаста шуда буданд. Маҳз бо ташаббуси ӯ ва сарвари нашриёти «Адиб» — Ато Ҳамдам баёзи назму насри адибони ду кишвари ба ҳам дӯст омодаи чоп гардида, аввали соли 2009 ба забони тоҷикӣ ва белорусӣ чоп хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки муаррифии ин ду китоби пурарзиш рӯзҳои баргузории намоиши байналмилалии «Китоби Белорус — 2009» дар пойтахти шаҳри Минск баргузор хоҳад шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






