ОЁ ТОҶИКОН ДАР РУСИЯ ҶИНОЯТ СОДИР МЕКУНАНД?
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Намояндаи муваққатии ваколатдори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний дар номаи ҷавобии худ ба ёддошти эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон менависад, ки «Коргарони муҳоҷир бисёр вақт дар бораи ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқии худ ягон тасаввурот надоранд, онҳо забони русиро намедонанд, ё хеле кам омӯхтаанд. Ин сабаби аз ҷониби онҳо риоя накардани қонуну қоидаҳои дар қаламрави Федератсияи Русия муқарраршуда мегардад. Илова бар ин ҳаминро ба назар гирифтан лозим аст, ки қисми зиёди ҷиноятҳоро ба муқобили шаҳрвандони Тоҷикистон худи ҳамдиёрони онҳо ё шаҳрвандони давлатҳои дигар содир мекунанд. Ба қавли намояндаи муваққатии ваколатдори Русия дар Тоҷикистон, миқдори содир кардани ҷиноят аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия дар давоми панҷ соли охир ду баробар афзудааст. Вай зикр мекунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2003 — юм 4100 ва соли 2007 — ум 8541 ҷиноят содир кардаанд. Аз ҷумлаи ин ҷиноятҳо 73 ҷиноят ба куштор, 74 ҷиноят ба расондани зарари ҷисмонӣ ва 50 ҷиноят ба таҷовуз ба номус мансуб мебошанд. Қайд карда мешавад, ки 871 шаҳрванди Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Шаҳрвандони тоҷик аз ҷиҳати содир гардидани ҷиноят дар байни коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ҷои дуюмро ишғол мекунанд, менависад В.Светличний. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки 6 декабр дар вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов ба қатл расонда шуд. ВКХ Тоҷикистон вобаста ба ин амали ҷинояткорона ба намояндаи муваққатии ваколатдори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон В.Светличний ёддошти эътирозӣ супорид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






