ОЗМУНИ ОВОЗХОНОНИ ҶАВОН

Декабрь 22, 2008 08:59

                  Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Аз 19 декабр сар карда, дар шаҳри Душанбе даври интихобии озмуни овозхонони ҷавони мамлакат таҳти унвони «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон — 2008» баргузор мегардад. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки даври интихобии озмуни мазкур дар минтақаҳои дигари мамлакат низ гузаронида мешавад. Овозхонони беҳтарин дар қувваозмоии хотимавӣ ширкат меварзанд, ки рӯзҳои 25 — 27 декабр гузаронида мешавад.                 Дар озмун ҳамаи овозхонону мутрибони боистеъдод ва ҳунарманди то 30 — сола иштирок карда метавонанд. Озмун 27 декабр бо консерти калони идона бахшида ба Соли нав ҷамъбаст карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар ёдовар мешавад, ки ба туфайли озмуни мазкур бисёр овозхонони ҷавон ба майдони ҳунар роҳхат гирифтанд.

Декабрь 22, 2008 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид