ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА ХАЛҚИ РУСИЯ ҲАМДАРДӢ ИЗҲОР НАМУД
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вафоти Усқуфи аъзами Маскав ва саросари Русия Алексии П ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи ҳамдардӣ фиристод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сардори давлат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Имрӯз дар масҷиди Исои Наҷотбахши Маскав маросими видоъ бо Усқуфи аъзами Маскав ва саросари Русия Алексии П баргузор гардид. Баъди анҷоми маросими видоъ дар ҳамин масҷид ба хотири осоиши рӯҳи майит ҷаноза хонда шуд. Сипас тобути Алексии П ба мақбараи Богоявленский оварда, ҷасади ӯ дар ҳамин ҷо ба хок супурда шуд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар давоми се рӯз дар маросими видоъ бо Алексии П бештар аз 80 ҳазор нафар ширкат варзид. Имрӯз дар маросими видоъ бо Алексии П Президенти Русия Дмитрий Медведев, раиси ҳукумати мамлакат Владимир Путин, намояндагони маъмурияти Президент ва Ҳукумати Русия, ҳукумати шаҳри Маскав, намояндагони Маҷлиси Федералӣ ва созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ширкат варзиданд. Ёдовар мешавем, ки Алексии П 5 декабр дар синни 80 солагӣ вафот кард. Вай аз соли 1990 ба Ибодатхонаи православии Русия роҳбарӣ мекард.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






