ПУТИН ШУМОРАИ МУҲОҶИРОНРО 50 ФОИЗ КОҲИШ МЕДИҲАД?
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сарвазири Федератсияи Россия Владимир Путин 4-уми декабр тайи гуфтугӯи мустақими телевизионӣ дар мавриди хатари афзоиши бекорӣ дар Россия гуфт, ки эҳтимоли афзоиши бекорӣ то ду миллион нафар аст ва бо назардошти вазъи мураккаб дар бозори кор, квотаро барои хориҷиён ҳадди ақал то 50 фоиз коҳиш бояд дод. Чунин эълони Сарвазири Россия муҳоҷирони кории тоҷики дар ин кишварбударо низ нигарон кардааст. Роҷеъ ба ин масъала намояндаи Созмони ҷаҳонии кор дар Россия Наталя Шербакова ба доираи васеи хабарнигорон гуфтааст, ки агар квота ба ҳамин шакли пешниҳодии Владимир Путин тасдиқ шавад, барои миллионҳо мардум мушкилоти зиёд эҷод хоҳад кард. «Мақомоти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Россия барои кор мераванд, бо назардошти тақозои ҷониби пазиранда бояд тадбирҳои мушаххас биандешанд, то мардуми овора ҷабр набинад», — афзудааст ӯ. Инчунин, раиси Бунёди созмонҳои муҳоҷирини Россия Лидия Графова дар ишора ба корпартоии бинокорони тоҷик дар Екатеринбург гуфтааст, ки бояд барои дарёфти квота мақомоти маҳаллӣ талош намоянд, зеро муҳоҷирон танҳо дар заминаи квота ҳуқуқи кор ба даст оварданро доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






