РӮЙХАТИ СИЁСАТМАДОРОНИ МАШҲУРТАРИНИ ҶАҲОН

Декабрь 22, 2008 15:14

                      Вашингтон, 22 декабр. (АМИТ «Ховар» — Радиостансия «Эхо Москвы»). — Маҷаллаи «Нюсуик» — и ИМА рӯйхати сиёсатмадорони машҳуртарини ҷаҳонро чоп кардааст. Ба он 50 нафар сиёсатмадор, иқтисодшинос ва арбобони дигари иқтисодию фарҳангию замони ҳозира дохил карда шуданд. Ҷойи аввалро дар ин рӯйхат Президенти тозаинтихоби ИМА Барак Обама, раиси давлати Чин Ху Сзинтао ва президенти Фаронса Николя Саркозӣ ишғол мекунанд.                    Маҷаллаи мазкур инчунин сарвазири Британия Гордон Браун ва канслери федералии Олмон Анҷела Меркелро аз ҷумлаи 10 нафар сиёсатмадори машҳуртарини ҷаҳон номидааст. Дар ин рӯйхат сарвазири Русия Владимир Путин ҷойи 9 — ум ва шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Олӣ Саид ҷойи даҳумро ишғол мекунанд.                   Ба ин рӯйхат ҳамчунин президенти Куриёи шимолӣ Ким Чен Ир, Билл ва Хиллари Клинтон, сиёсатмадори ҳиндӣ Соня Гандӣ, сарвазири Ироқ Нурӣ Алмаликӣ, раиси шаҳри Ню — Йорк Майкл Блумберг, Усқуфи аъзами Рум Бенедикти ХУ1 ва террористи машҳуртарини ҷаҳон Усома бинни Лодан дохил карда шудаанд. Тарҷумон — Қудратов А.  

Декабрь 22, 2008 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст