Р.ОЛИМОВ: «ҲАР СУБҲ ЧИНРО БАРОИ ХУД БА ТАРЗИ НАВ КАШФ МЕНАМОЯМ»

Декабрь 23, 2008 16:19

         Душанбе,  23  декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). – Сафири  Тоҷикистон   дар  Ҷумҳурии  Мардумии Чин Рашид  Олимов  дар  зиёфати  солинавии  шӯъбаи  ахбори хориҷии  рӯзномаи  «Женмин  Жибао»  ва сайти  интернетии «Женминван» ширкат  варзид. Вай   кормандони  ин  нашрияро ба муносибати  фаро  расидани иди Соли нав  табрик  намуда,   зикр  кард, ки «Ҳар  субҳ кишвари  Чинро  барои  худ  ба  таври  дигар  кашф  менамояд».  Ба  туфайли маҳорати  калони  касбӣ ва таҷрибаи  мухбирону  суратгирон   ва  рассомони  рӯзнома дар пеши  назари  хонанда  манзараҳои рангоранги  ҳаёти   пурҷӯши  хӯрӯши   мардуми  мамлакат  ҷилвагар  мешавад. Сафир  зикр  намуд, ки  мардуми  Чин  30  сол  боз  ҷаҳониёнро  бо  ислоҳоти  ҷасурона  ва  самимияти  худ  ба  ҳайрат меандозад. Чин  дар  соли гузашта ба  комёбиҳои нав ба нав  ноил  гардид. Тантанаи  Бозиҳои  олимпӣ ва  мардонавор  бартараф  сохтани оқибати  зилзилаи  харобиовар   дар  вилояти  Сичуан  иродаи  қавӣ  ва  рӯҳияи  шикастнопазиру  ваҳдати  халқи  Чинро  бори дигар  ба  мардуми  ҷаҳон нишон  доданд.  Мамлакатҳои  ҷаҳон  Чинро дар  бобати  бартараф  сохтани  ин фоҷиа  ҳамаҷониба дастгирӣ  намуданд. Тоҷикистон  ҳам  мисли  бисёр  мамлакатҳои  ҷаҳон бо иштироки  намояндагони  худ   Бозиҳои  олимпиро  дастгирӣ  намуда,  ба мардуми  офатзадаи вилояти  Сичуан то ҳадди  имкон   кӯмаки  башардӯстона  расонд,  гуфт  Рашид  Олимов.  

Декабрь 23, 2008 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид