«РОҲСОЗ-7» ВА «СОМОН-7» ДАР РАШТУ НУРОБОД РОҲ МЕСОЗАНД

Декабрь 17, 2008 14:24

                     Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Тибқи «Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе — сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, фазаи дуюм», аз 16 апрели соли 2008 барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт байни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ва ширкатҳои ватании «Роҳсоз-7» ва «Сомон-7» шартнома ба имзо расида буд.                   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази тадбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои ҶТ иттилоъ доданд, то 1-уми декабри соли 2008 аз масофаи 60 км таъмири 29,6 км роҳ ба анҷом расидааст. Маблағи умумии корҳо 1,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.                    Айни замон дар ноҳияи Нуробод ва Рашт корҳои барқарорсозӣ идома дорад. Нисбати таъмири роҳҳои қитъаи Қарамиқ бошад, Фонди ОПЕК барои ҷудо кардани 3,5 млн. доллари ИМА розигӣ дод.                   Бояд зикр намуд, ки шумораи умумии коргарон дар лоиҳа 260 нафар аст. Аз ҷумла, 125 нафар коргари маҳаллӣ ва 135 нафар коргари хориҷӣ. Ҳамчунин, 18 адад техникаву таҷҳизоти маҳаллӣ ва 141 адад лавозимоти хориҷӣ истифода шуда истодааст.  

Декабрь 17, 2008 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид