РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ДИПЛОМАТИЯИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ СММ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 15 декабр.(АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча дар ҳузури аъзои Шӯрои амнияти СММ дар бораи фаъолияти Маркази минтақавии созмон оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ маърӯза кард. Аъзои Шӯрои амният фаъолияти маркази мазкурро дар минтақа маъқул донистанд. Маркази СММ моҳи декабри соли 2007 дар Ашқобод кушода шуда буд. Чунин марказҳо минбаъд дар ҳамаи 5 мамлакати Осиёи Марказӣ кушода мешаванд. Ин марказҳо ба ҳукуматҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои афзун гардонидани имкониятҳои бо роҳҳои осоишта бартараф сохтани баҳсу мунозираҳо ва пешгирии муноқишаҳо ва ихтилофот бо роҳи гуфтушунид ва истифода аз дастгирии байналхалқӣ кӯмак мерасонанд. Марказҳо барои ин бо созмонҳои минтақавӣ ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳанд кард. Муншии умумии СММ қабл аз ин пешниҳод карда буд, ки нақши фаъолияти пешгирикунандаи муноқишаҳо ва миёнаравии СММ дар мамлакатҳо тақвият дода шавад. Минбаъд Созмони милал аз амалияи бартараф сохтани муноқишаҳои мусаллаҳона ба ташаккули фарҳанги пешгирии онҳо ва амалӣ сохтани тадбирҳое шурӯъ хоҳад кард, ки ҳадафи онҳо аз байн бурдани сабаби зуҳуроти шиддати вазъият ва муноқишаҳои мусаллаҳона мебошад. Баъди анҷоми машварат раиси Шӯрои амният, намояндаи доимии Хорватия дар СММ Ранко Вилович ба хабарнигорон гуфт, ки марказ бо давлатҳо ва созмонҳои минтақавӣ барои иҷрои вазифаҳои ба зимма гирифтааш самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти намояндагии СММ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






