РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ БО ВУҶУДИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВИИ ҶАҲ

Декабрь 15, 2008 16:34

           Душанбе,  15  декабр.(АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). –  Ба  Тоҷикистон  муяссар  шуд,  ки  бо  вуҷуди  тамоили  номатлуби  бар  асари   бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ   бамиёномада рушди  иқтисодиёти  худро  таъмин  намояд,  гуфт  Сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Оқил  Оқилов  дар  маҷлиси  Шӯрои  байнидавлатии Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия, ки   дар  Маскав  баргузор  гардид. Сарвазир  дар  бораи ҳаҷми   хариду  фурӯши мол  дар  байни  Тоҷикистон ва  мамлакатҳои  хориҷӣ  сухан  ронда,  зикр  кард, ки  хаҷми  он  дар  давоми  соли  равон  18  фоиз  афзуд. Айни  ҳол  33  фоизи  хариду  фурӯши мол  дар байни  Тоҷикистон  ва   давлатҳои  хориҷӣ  ба  мамлакатҳои  аъзои  Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  рост  меояд, гуфт   О.Оқилов. Ташкили  Иттифоқи  гумрукҳо  дар  назди  мамлакати мо  имкониятҳои  сифатан  нави  рушди  ҳамкорӣ ва  ҳамгироиро  муҳайё  месозад. Тоҷикистон  ният  дорад, ки  дар  оянда  ба  Иттифоқи  гумрукҳо  ҳамроҳ  шавад. О.Оқилов   дар  бораи  амалӣ  сохтани  барномаҳои  энергетикӣ  сухан  ронда,  қайд  кард, ки  айни  ҳол  бо  ширкатҳои  энергетикии Русия  ва  Қазоқистон  дар  мавзӯи  бунёди  нерӯгоҳҳои  хурду  миёна дар  Тоҷикистон  гуфтушунид  карда  мешавад.  Қайд   карда шуд,  ки  бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ  ба иқтисодиёти  Тоҷикистон  низ  таъсири нисбӣ  мерасонад. Сарвазир  ба  иштирокчиёни   маҷлис  пешниҳод  кард, ки   барои  пешгирии  бӯҳрони  молиявии  ҷаҳонӣ ва  то ҳадди  имкон   кам  кардани  оқибатҳои он  сари  вақт  тадбирҳои  дахлдор  андешида,  дар  ҳар  мамлакат  роҳу  усулҳои  самарабахши  иҷрои  қарорҳои  қабулнамудаи  мақомоти  ИДМ   муқаррар  карда  шаванд.

Декабрь 15, 2008 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид