СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ҲАМИД КАРЗАЙ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди чошти имрӯз бо Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай телефонӣ сӯҳбат кард. Сарони ҳар ду давлати ҳамсоя роҷеъ ба вазъияти имрӯза ва роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи мамлакатҳояшон дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ табодули назар намуданд. Зимни сӯҳбат ба амалӣ сохтани паймонҳое диққати махсус дода шуд, ки дар ҷараёни мулоқотҳои пештараи сарварони ҳар ду кишвар ба даст омадаанд. Президентҳои Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин проблемаҳои муҳимтарини байналхалқию минтақавии мавриди назарашонро баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






