СӮФӢ ДАР САҲНАИ ТЕАТРИ ТОҶИК ҲАНГОС МЕЗАНАД
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 2-юми декабр дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи «Офати нафс» аз рӯйи достони «Хари сӯфӣ»-и «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ доир шуд. Ин намоишномаро коргардони тоҷик Нуриддини Ҷарронӣ дар жанри гротеск ба саҳна гузоштааст, ки ин барои театри тоҷик падидаи тоза унвон мешавад. Намоишномаи мазкур илҳомест аз достони «Маснавӣ», ки бо омезиш додани воқеияти иҷтимоии замони имрӯза рӯйи саҳна омадааст. Сӯфии ноогоҳ — бозигари аслии ин саҳна, ки аз моли дунё танҳо як хар дорад, дар корвонсарое ба доми фиреби ҷамъе тамаъҷӯй меафтад, ки харашро нахуст бемор ва бар ивази тадовии хараш ӯро қарздор мекунанд. Бар ивази қарзу айшу ишрати суфӣ хар ба савдо меравад. Сӯфӣ, ки сахт дилбастаи хар буд, замоне ба ҳуш меояд, ки хараш ба савдо рафтааст. Сӯфӣ дар ишқи хар мисли он ҳангос мезанад, ё ба истилоҳ «хар мешавад». Ба ҳамин тартиб, нахустин намоишнома дар жанри гротеск дар саҳнаи теати тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






